Хабарҳо

Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2024  ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024
12 июл 2024

Натиҷагирӣ аз фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024

Санаи 12-уми июли соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” Салимзода А.А. ва бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. инчунин сармутахассиси Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нормуродзода  Фирдавс, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳромзода Парвина, сардори идораи бозрасии бонкҳои Департаменти назорати бонкии Бонки миллии  Тоҷикистон Раҳимзода Иброҳим, сардори раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андухтҳои нафақавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Саъдулло, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва мудирони филиалҳои “Амонатбонк” ҷаласаи васеъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти КВД БА ҶТ “Амонатбонк” дар нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.


Ба истифода додани майдончаи варзишӣ аз ҷониби “Амонатбонк”
06 июл 2024

Ба истифода додани майдончаи варзишӣ аз ҷониби “Амонатбонк”

Бо такя ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати созандагию бунёдкорӣ ва иқдоми пешгирифтаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, айни замон дар тамоми гӯшаву канори шаҳри Душанбе ҷараёни корҳои навсозӣ ва ободгардонии боғҳои фарҳангиву фароғатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба чашм мерасад.


Семинар-машварат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон
03 июл 2024

Семинар-машварат вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон

Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” семинар-машварат доир ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва рӯ наовардани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористию экстремистидошта доир гардид.


Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”
26 июн 2024

Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк”

Дар бинои асосии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат”-и КВД БА ҶТ “Амонатбонк” баргузор гардид.


Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Амонатбонк”
26 июн 2024

Таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ дар “Амонатбонк”

Санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”” бо иштироки муовинони Раиси Раёсат Ризвонзода Ф.З., Сафарзода Р.С. ва доираи васеъи кормандон бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ доир гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк